У нас вы можете посмотреть бесплатно Оё СААД ба қазияи Украина ҷалб мешавад? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки Тоҷикиситон низ шомили он аст, метавонад ба қазияи ҷанг ва хатми он дар Украина ҷалб шавад ва ба Русия ҳар гуна кӯмаки заруриро расонад. Ин нуктаро дабири кулли СААД дар пасманзари хабарҳо дар бораи равон кардани нерӯҳои сулҳҷӯ аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба Украина зикр кардааст. То куҷо ин изҳорот ҷиддӣ аст? Нерӯи СААД то куҷо қавӣ ва саҳми Тоҷикистон дар он чӣ қадар аст? Ҷалби низомиёни тоҷик ба қазияи Украина, дар ҳайати СААД ҳам бошад, то куҷо воқеӣ хоҳад буд ва чӣ паёмад хоҳад дошт? СААД омода хоҳад буд Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои пешниҳоди ҳар гуна кӯмак дар сурати эҷоди таҳдиди ирсоли низомиён аз кишварҳои Аврупо ба Украина, омода хоҳад буд, гуфт Тасмагамбетов дар мусоҳибае ба газетаи “Известия”. “Бори аввал нест, ки дар пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ эҳтимоли ирсоли нерӯи низомӣ ба Украина баррасӣ мешавад. Аммо то ҳол чунин нерӯ дар он ҷо расман ҳузур надорад. Сабаб дар он аст, ки ин метавонад вазъи минтақаро хатарнок кунад. Дар ҳолати эҷоди чунин хатар, СААД дар доираи оинномаи созмон ва албатта, розигии аъзои он барои пешниҳоди ҳар гуна кӯмак омода хоҳад буд”, - гуфтааст Имангалӣ Тасмагамбетов. СААД чӣ нерӯ дорад? СААД соли 1992 ташкил шуда, шаш кишвари пасошӯравӣ – Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистонро муттаҳид кардааст. Ҳарчанд Еревани расмӣ солҳои охир аз ин созмон канораҷӯӣ мекунад. Дар ҳайати СААД якчанд воҳидҳо фаъоланд: • Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал, ки тақрибан 20 ҳазор нафарро дар бар мегиранд, • Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши зудамал - 5 ҳазор нафар, • Нерӯҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ - 3600 нафар. Бояд гуфт, ҳамаи ин нерӯҳои доимамалкунанда нестанд. Саҳми Тоҷикистон дар СААД ба ҳисоби миёна 600 низомӣ арзёбӣ мешавад. Аммо дар сурате, ки Нерӯҳои сулҳпарвар ҷалб шаванд, Тоҷикистон метавонад танҳо чандсад низомиро равона кунад. Масалан, дар соли 2022 ба Қазоқистон ҳамагӣ 200 низомии тоҷик интиқол дода шуда буд. Эҳтимоли иштироки Тоҷикистон дар низоъ Меъёри калидии ин паймон дар моддаи 4-и он сабт шудааст, ки мегӯяд, таҳоҷум ба як кишвари узви созмон чун ҳуҷум ба ҳамаи кишварҳои аъзо дониста мешавад. Дар ин ҳолат ҳамаи кишварҳои узв ба кишвари мавриди ҳуҷум қароргирифта кӯмаки зарурӣ, бо шумулӣ низомӣ, мерасонанд ва аз он дифоъ мекунанд. Агар низомиёни авпуроӣ ба Украина фиристода шаванд ва агар аз тарафи онҳо ҳамлае ба қаламрави Русия сурат гирад, танҳо пас аз ин аъзоёни СААД метавонанд низомиёни худро ба он ҷо фиристанд. Ва боз як шарт: агар худи Русия аз СААД дархост кунад. Аммо, чунин менамояд, ки муроҷиати давлате чун Русия, ки худро абарқудрат меҳисобад, ба кишварҳои нисбатан кучак ғайривоқеӣ аст. Вале агар хоҳиш ҳам кунад, ин кишварҳо рад карда наметавонанд. Дар гузашта чунин буд? Бояд гуфт, ки СААД дар давоми тамоми 30 соли таърихаш ҳамагӣ як бор бо чолиши ҷиддие рӯбарӯ шудааст. Соли 2022 дар Қазоқистон дар пасманзари тазоҳурот ва бетартибиҳои зиддиҳукуматӣ Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури ин кишвар барои кӯмак ба СААД муроҷиат кард. Дар натиҷа, ба Қазоқистон наздики 2 ҳазор хизматчии ҳарбӣ ва 250 воҳиди техника фиристода шуд. Давоми 13 рӯз, ин нерӯ амнияти иншооти стратегии кишварро таъмин кард. Аммо пештар аз ин ҳолатҳое буданд, ки СААД аз иштирок дар муноқишаҳо худдорӣ карда буд. Масалан, соли 2010 дар айни муноқиша миёни халқҳои гуногун дар ҷануби Қирғизистон, Бишкек аз СААД кӯмак хост, аммо посухи рад гирифт. Арманистон ҳам дар ҷанг барои Қаробоғ бо Озарбойҷон аз ин созмон кӯмак хост ва боз ҳам посухи рад гирифт. Паёмади кумак Дар сурати иштироки СААД дар муқобили нерӯҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Украина, он чӣ паёмад барои кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон дошта метавонад? Муҳаммад Шамсуддинов, коршиноси мустақил Ин иқдом метавонад боиси мушкилот дар муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо шавад. Агар шумо дар хотир дошта бошед, Иттиҳоди Аврупо ҳангоми ҷалби нерӯҳои СААД ба ҳодисаҳои Қазоқистон соли 2022 изҳори норозигӣ карда буд. Ва норозигӣ нисбати мақомоти ин кишвар изҳор карда буд, ки онҳо аз созмон кӯмак хостанд. Иштироки СААД пеш аз ҳама паёмади сиёсӣ ва коҳиши нуфузи байналмилалӣ хоҳад дошт. Яъне, бо дарназардошти он ки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ амалҳои Русияро дар Украина маҳкум мекунанд, иштироки дигар кишварҳои узви СААД, аз ҷумла Тоҷикистон дар ин муноқиша метавонад ба муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар таъсири манфӣ расонад. Паёмади иқтисодии он ҳам эҳсос хоҳад шуд. Кишварҳои дигари узви СААД метавонанд зери таҳримҳои байналмилалии иқтисодӣ қарор гиранд ва вуруди сармоя ва кӯмакҳои молиявӣ қатъ гардад. Ин барои кишварҳои аъзои СААД, ки аксаран вазъи хуби иқтисодӣ надоранд, хатарнок хоҳад буд. Ба ҳар сурат, умед аз он аст, ки СААД ба ҷанги Русия иштирок нахоҳад кард. Ба саҳифаҳои мо обуна шавед, то аз далелҳои воқеӣ огоҳ ва аз дасткориву дурӯғпароканиҳо эмин бошед! Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #таджикистан #asiaplus