У нас вы можете посмотреть бесплатно Президент ба роҳбарон чӣ гуфт? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид. Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд. Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт. Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд. Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд. “Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат. Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд. Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд. Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, зарур шумурда шуд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад. Масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид гардид. Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аъзои нави он бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд анҷом диҳанд. Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.