У нас вы можете посмотреть бесплатно СИРРИ ЯХМОСҲОИ БОМАЗЗАИ АЙНИГӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Лочин Ойматов пеш аз истеҳсоли яхмос ба фурӯши чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ машғул буд. Маҳсулотро аз заминҳои деҳқонон бо нархи дастрас гирифта, ба бозор мебаровард ва аз ҳисоби фоидаи ба даст овардааш зиндагиашро пеш мебурд. Ҳеҷ гоҳ ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе бо дасти худ яхмос тайёр карданро ёд мегирад ва мизоҷон аз чашидани ҳосили меҳнаташ як ҷаҳон ҳаловат мебаранд, вале... Лочин Ойматов сокини деҳаи Айнии ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Вилояти Хатлон буда, муддати 10 сол аст, ки ҳар субҳ, махсусан, дар фасли гармо ба истеҳсоли яхмос машғул шуда, хотири мардуми деҳотро шод месозад. Лочин аз шири табиӣ, ки занҳои хонадонашон аз говҳои хонаашон медушанд, яхмос омода мекунад. Ин ҷавони чусту чолок ҳар рӯз барои харидорон аз 30 литр шир яхмос истеҳсол мекунад ва аз кори худ розӣ аст. Лочин дар ин ҷода бародаронашро устоди хеш меҳисобад. Лочин бо дастгирии филиали яке аз бонкҳои кишвар техникаҳои замонавиро барои коркард ва истеҳсоли яхмос харидорӣ намуда, дар ин муддат аз фоидаи савдояш тиҷорати худро рушд дод. Лочин мегӯяд, дар ягон давру замон роҳати зиндагиро бе заҳмату азоб дидан имкон надорад, зеро ҳар кор мушкилиҳои худро дорад, ранҷ дорад, азоб дорад ва баъдан роҳат насиби кас мешавад.