У нас вы можете посмотреть бесплатно ЯК ВИДЕОИ ТАЪРИХИИ ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ СОЛИ 1989 или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки соли 1989 сабт шудааст ва дар он Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки он вақт ҳамагӣ 35 сол дошт ва ҳанӯз риш надошт, дар бораи Наврӯз ва то куҷо ҷоиз будани таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон суҳбат мекунад. Ба эҳтимоли ғолиб, ин видео баъди хатми таҳсил дар Донишгоҳи Урдун ба Душанбе баргаштану дар идораи қозиёти мусалмонони Тоҷикистон ба кор пардохтани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сабт шудааст. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаи ҷавон дар ин навор дар ҳоле, ки ба фавҷи беисти намозгузорон салому алейк мекард, дар мавриди иди Наврӯз мегӯяд: “Дар ҳақиқат, иди Наврӯз ин як иди пешазисломӣ аст. Албатта, он одатҳову анъанаҳояш, ки ба ҷоҳилият, ба оташпарастӣ ва бутпарастӣ дошт, онҳоро Ислом қабул намекунад, аммо ҳамчун иди соли нави ҳиҷрии шамсӣ ва ҳамчун иди баҳор дар Ислом истиқболаш машрӯъ аст. Яъне манъ нест. Мушрикҳо то дини Ислом дар рӯзи ин ид барои бутҳову худоҳои худ қурбонӣ мекарданд. Қурбониаш дар Ислом мамнӯъ ва ҳаром аст. Мусулмонон иди Наврӯзро ҳамчун иди соли нави ҳиҷрии шамсӣ, ҳамчун иди баҳор ва ҳамчун иде, ки тамоми табиат ба қудрати Илоҳӣ аз сари нав зинда мешавад, ид мекунанд. Ин барои мусалмонон боз ибрат аст, ки бо омадани баҳор ба мусалмонон тазаккур медиҳад ба рӯзи қиёмат. Ҳадисҳои бисёре ҳаст, Аллоҳ Таъоло ҳам дар Қуръони азимушшаън овардааст, ки чуноне ки табиати мурдаро Парвардигор қудрат дорад ва зинда мекунад, рӯзи Қиёмат ҳам барпо шуданаш барҳақ аст. Бино бар ин, ин ҳам ид аст, ҳам ибрат аст иди Наврӯз. Аз ин сабаб аҷдоди мо пеш аз Ислом ҳам ҷашн мегирифтанд ва баъди омадани Ислом ҳам то имрӯз ҷашн гирифта, омада истодаанд”. Ин суханони Тӯраҷонзода дар бораи ҷоиз будани таҷлили Наврӯз барои мусалмонон дар ҳолест, ки солҳои охир бархе воизони, ба истилоҳ, “навбаромад” кӯшиш доранд, то иди Наврӯзро ҳамчун “бидъат” ҳукм кунанд ва мусалмононро аз таҷлили он манъ кунанд. Ҷунбиши тундрави Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, имсол таҷлили Наврӯзро манъ кард.