У нас вы можете посмотреть бесплатно ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ 6 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ДАР МӮЪМИНОБОД или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Сокинони Мӯъминобод ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” як видеои кӯтоҳ аз маҳалли садамаи пурқурбонии рӯзи 22 май дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминободро, ки боиси марги 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод шуд, фиристоданд. Онҳо ҳамчунин бархе ҷузъиёти ин фооҷиаи талхро қисса карданд. Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 май 6 узви як хонавода – як модар бо ду писару як духтар ва келину набераи ҳафтсолааш ҳангоми ба тӯй рафтанашон дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод бар асари ба мошини боркаш бархӯрдани мошинаш ҷон бохтанд. Дар видео дида мешавад, ки бар асари бархӯрд бо мошини боркаш қисмати пеши мошини рангаш сабзи ин хонаводаи бетақдир комилан тикаву пора шудааст ва ин ҳама қисматҳои тикаву пора шудаи мошинро бо брезент пӯшондаанд. Ба гуфтаи сокинони Мӯъминобод, Фарҳоди Назрӣ, соли таваллудаш 1984, ки дар ин садама ҳамроҳи зану фарзанди ҳафтсолааш ҷон дод, тоза рӯзи 9 май аз Русия баргашта буд. Дар садама ҳамчунин бародари ӯ Дилшоди Назрӣ, соли таваллудаш 1983, як хоҳар ва модараш Хадиҷа низ ба ҳалокат расиданд. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзеи Толеъ рӯй додааст. “Аз қазо, толеи ин хонавода дар мавзеи Толеъ бетолеӣ кард ва дар як рӯз аз ин оила якбора 6 тобут бароварданд”, – гуфтанд онҳо. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, қурбониёни ин садама ҳама аз оилаи раҳматии Назрӣ буданд. Акаи Назрӣ худ соли 2007 ба иллати бемории саратон аз дунё рафта буд.