У нас вы можете посмотреть бесплатно Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар назди ҶСК “Душанбе-Саноат” или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби ҶСК «Душанбе-Саноат» дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шуда, дар он истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир ба роҳ монда шудааст. Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом – тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода карда мешаванд. Маҳсулоти корхона вобаста ба таъйинот панелҳои сақф ва панелҳои девор ҷудо карда шуда, асосан барои намои берунаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъйиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна ва яхдон бо мақсади нигоҳ доштани сардӣ ва гармӣ истифода карда мешавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъ ва дар як сол 276 ҳазору 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур 25 нафар бо кор таъмин гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо омӯзиши низоми кории таҷҳизоти муосири васлгардида фаро гирифта шудаанд.