У нас вы можете посмотреть бесплатно Дар як рӯз 2 КУШТОР дар ҳолати МАСТӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Рӯзи 30 июли соли равон кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон, як ҷинояти одамкуширо ошкор намуданд. Дар деҳаи Навзамин, ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, ноҳияи Хуросон чанд нафар аз сокинон, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, ба хотири оби полезии заминҳои наздиҳавлигиашон байнашон муноқиша сар мезанад. Холматов Муродалӣ, соли таваллудаш 1972, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Эргашев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1996 омада, дашному ҳакоратҳои қабеҳ менамояд, ки дар натиҷа байнашон муноқиша сар зада, якдигарро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Холати мазкурро хабардор шуда Эргашев Маҳмадраҷаб, соли таваллудаш 1998, бародари Эргашев Раҳимҷон ва чанд нафар аз хешу таборони ин ду нафар ба ҷангу ҷанҷол ва латукӯби ҳамдигар ҳамроҳ мегарданд. Эргашев Маҳмадраҷаб дар пайи латукӯби ҳамдигар Холматов Уроздавлатро аз пой меафтонад, ки охирон ба замин афтода, бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Шаби 30 ва 31 июли соли равон, дар канори ҷӯйбори обгузари деҳаи Истиқлол, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, ҷасади марди 42-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Зимни ташхис ва азназаргузаронии ҷасад шахсияти ин нафар муайян карда шуд, ки Додарҷонов Аъзамҷон, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Аз ҷониби кормандони оперативии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун дар як муддати кӯтоҳ гумонбари ҷиноят дастгир карда шуд. Искандаров Додарҷон, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур дар вақти пурсиш иқрор гашт, ки ҷиноятро баъди истеъмол намудани машрубот дар ҳолати мастӣ ва муноқишаи байни ӯ ва марҳум Додарҷонов Аъзамҷон ба миён омада, содир намудааст. Дар баробари содир намудани ҷинояти махсусан вазнини одамкушӣ, гумонбаршуда аз ҷайби марҳум 350 сомониашро тасарруф намуда, ҷои ҳодисаро тарк менамояд.