У нас вы можете посмотреть бесплатно Кӣ ба Муҳаррам Очилова ду ҳавлӣ тӯҳфа кард? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Чанд рӯз қабл сомонаи Оила. ТЧ аз зиндагии пуразоби сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода Муҳаррам Очилова матлаби видеоие нашр карда буд. зани ҷафокашида чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебурдааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, соҳибони ферма ҳар рӯз ба сари ин зани бетолеъ омада, Муҳаррам Очиловаро дашному ҳақоратҳо қабеҳ медодаанд. “Бовар кунед, вақтҳое мешаванд, ки се-чор рӯз нони хӯрдан наёфта, гушнаву ташна мешинем. Ман ба ҳамааш тоқат мекунам, вале дигар тоби бардоштани суханони талхи соҳибони фермаро надорам. Онҳо ман, як зани қариб 60-соларо дашномҳои қабеҳ медиҳанд, худам ва ҳатто модари раҳматиамро ҳақорат мекунанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд...” зор-зор гиря карда, қисса мекард апаи Муҳаррам. Қаблан ин зани ҷафокашида дари чандин идораҳои бонуфузро кӯфта бошад ҳам, касе ба додаш нарасидааст, вале баъди оне, ки сомонаи Оила. ТЧ рӯзгори пурдарди Муҳаррам Очиловаро ба пардаи навор кашид, якбора кор ранги дигар гирифта, садҳо одамони хайрхоҳ ба сӯяш дасти ёрӣ дароз намуданд. Имрӯз бо шарофати сомонаи Оила. ТЧ ин зани зору гирён соҳиби манзил гашт. Мехоҳед донед, ки ба Муҳаррам Очилова кӣ ду ҳавлӣ тӯҳфа кард? Ба ин савол навори нави видеоии мо ҷавоб хоҳад гуфт! (Видео)