У нас вы можете посмотреть бесплатно Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна таҷлил карданд? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ҳамасола субҳи 21 март, соати 4 сокинон ва меҳмонони пойтахт дар Боғи Ғалаба ҷамъ омада, гулхани наврӯзӣ меафрӯзанд ва дар атрофи он базм ороста, рақсу бозӣ ва шеъру таронахонӣ мекунанд. Имсол низ он ба таври хеле густурда баргузор шуд ва хурду калон бо либосҳои милливу идона инҷо ҳозир шуданд. Имсол меҳмонони хориҷӣ низ кам набуданд. Махсусан эрониён, ки мехостанд шеваи таҷлили наврузродар Тоҷикистон бубинанд, дар ин маросим, ки анъанаҳои аҷдодӣ иҷро мешаванд, ҳозир шуда буданд. Ба гуфтаи яке аз меҳмонониэронӣ ин маросим ба ҷашни чоршанбесурӣ, ки дар Эрон баргузор мешавад, шабеҳ будааст. Бобои деҳқон ва маликаи наврӯз аз рамзҳои ин маросими наврӯзианд. Инҷо аспу аробаи рамзӣ омодааст ва соати 6-и субҳ маликаи наврӯз бо ин аспу ароба ва бо муждаи наврӯз ба маркази шаҳр меравад. Ин субҳ аз чор гӯшаи пойтахт корвони наврӯзӣ ба шаҳр ворид мешаванд, ки таҷассумиэҳёи табиат ва шодиву нишот буда, муждаи оғози соли нави аҷдодиро ба мардум мерасонад. Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #таджикистан #asiaplus