У нас вы можете посмотреть бесплатно Ташрифи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон гулдухтарони тоҷик чун дастагул пешкаш намуданд. Барои истиқболи меҳмони олиқадр дар майдони фурудгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, аксҳои сарони давлатҳо, инчунин парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии халқҳои се кишвари ҳамсоя насб гардидаанд. Барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон дар фурудгоҳ ба маросими истиқболи меҳмони воломақом шукӯҳи хос зам намуд.