У нас вы можете посмотреть бесплатно Наврузи АИКТ 2025 или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
НАВРӮЗ ҚАБЛ АЗ ҲАМА ҶАШНИ КИШОВАРЗОН АСТ. 21 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз гӯшаҳои оросташуда, ки дастархонҳои идона бо риояи расму анъанаҳои миллӣ бо таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оро дода шуда буданд, дидан намуда, сипас кулли иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният гуфтаанд. Ҳамзамон Ҳакимзода Қурбон иброз доштанд, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану ҳифз кардан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷашнҳои суннатии миллиамон - Наврӯзи хуҷастапай ба фарҳанги умумибашарӣ ворид гардиду ҷашни бузургу ҳафтҳазорсолаи Наврӯзи Аҷамро башарият дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил менамояд. Таъкид гардид, ки Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину кайҳон аст. Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва робитаи инсон бо табиат мебошад. Шўъбаи иттилооти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Наворбардор Ғаримадов.Ғ. 21.03.2025