У нас вы можете посмотреть бесплатно БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИКИ УЗВИ ДОИШ ДАР МИНСК БАРОИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ду шаҳрванди тоҷики 23-солаи муттаҳам ба терроризм бо дархости УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус дастгир гардида, алакай ба мақомоти Душанбе супурда шудаанд. Дар ин бора рӯзи 24 майи соли 2024 Наталя Сахарчук, сардори раёсати иттилоот ва робита бо ҷомиаи ВКД Беларус хабар дод. Сухангӯи ВКД Беларус гуфт: "Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳардуяш 23-сола, аз ҷониби кормандони сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ва коррупсия ВКД Беларус бо кумаки нирӯҳои СОБР дастгир карда шуданд. Онҳо ба тайёрӣ ба анҷоми амалҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон гумонбар мешаванд”. Наталя Сахарчук боздошти ин ду нафари муттаҳам ба терроризмро "намунаи барҷастаи ҳамкории зичу фаврӣ бо ҳамкорони хориҷӣ” номид ва афзуд, ки боздоштшудагонро алакай ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдаанд ва "онҳо алакай дар роҳ ба Тоҷикистон қарор доранд ". Намояндаи ВКД Беларус дар ин бора тафсилоти дигар надод, вале Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Беларус наздики "Белорусский силовик" видеои лаҳзаи боздошти ин ду нафарро нашр кард ва хабар дод, ки ҳарду дастгиршуда узви созмони террористии ДОИШ буда, гӯё “ба Беларус ҳамчун нуқтаи транзит дар роҳи сафарашон ба тарафи Олмон омадаанд”. Ба иттилои ин канал, зодагони Тоҷикистон мехостанд аз таъқиби мақомоти кишвари худ дар Аврупо пинҳон шаванд. "Дар натиҷаи ҳамкории зич бо УБОПи Тоҷикистон, маълумоти фарвӣ дар як муддати кӯтоҳ амалӣ сохта шуд. Кормандони мақомот маълум карданд, ки ҳарду ҷустуҷӯшаванда дар қаламраи Беларус пинҳон шудаанд. Ҳардуро баъди муайян кардани маҳалли будубошашон дастгир карданд. Ҳамроҳи онҳо нафароне, ки мехостанд ба ин 2 нафар дар убури марз кумак расонанд, ба даст афтоданд. Дар ҳамкорӣ бо УБОПи Тоҷикистон, ҳарду террористро ба Ватанашон бурда, барои ба ҷавобгарӣ кашондан ба додгоҳ эҳзор мекунанд ", - хабар додааст канали "Белорусский силовик". Аз видеои нашршуда чунин бармеояд, ки ин ду ҷавонро дар вокзали роҳи оҳан ё фурудгоҳ дастгир кардаанд. Номҳои онҳо нашр нашудааст.