У нас вы можете посмотреть бесплатно ДАРГУЗАШТИ РАҲМАТИЛЛО ЗОЙИРОВ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва муассис ва раҳбари собиқи ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар, субҳи 18 майи соли 2024 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Мавзуна Каримова, ҳамсари ӯ гуфт, ки Зойиров субҳи барвақти шанбе, 18 май даргузашт. Дар бораи иллати марги сиёсатмадори мухолиф наздиконаш чизе нагуфтаанд. Вале ҳамсафони Зойиров қаблан гуфта буданд, ки ӯ чанд вақт боз бемор аст. Маросими видоъ бо Зойиров давоми рӯзи шанбе, 18 май дар назди хонааш дар суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, 45/1, дар рӯбарӯи фабрикаи “Ширин” ва наздикии ҳукумати ноҳияи Сино доир шуд. Маросими намози ҷаноза соати 17:45 баргузор шуд ва сипас ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахти Тоҷикистон ба хок супориданд.