У нас вы можете посмотреть бесплатно САБЗӢ -7 СОМОНӢ, АНГУР - ТО 45 СОМОНӢ! ЧАРО НАРХИ МЕВАВУ САБЗАВОТ ДАР БОЗОРҲОИ ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Дар Тоҷикистон меваҳое, ки дар худи кишвар парвариш меёбанд, хеле қимат шуданд - аз оғози сол нархи ангуру шафтолу, анҷир ва олу беш аз ду баробар боло рафт. Имрӯз дар бозорҳои Душанбе 1 кило ангури тару тоза бо нархи аз 20 то 50 сомонӣ, анҷир - аз 30 то 40 сомонӣ ва олу аз 20 то 30 сомонӣ фурӯхта мешавад. Себу нок ба ҳисоби миёна 30% қимат шуда, имрӯз нархи онҳо вобаста ба навъ ва сифат аз 10 то 25 сомониро ташкил медиҳад. Гаронии ангур вобаста ба оқибатҳои сардиҳои моҳи январ барои токзорҳои Тоҷикистон маънидод мешавад. Аз ҳама бештар токзорҳои водии Ҳисор осеб диданд. Ба қавли фермерони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, бар асари ҳавои хунук беш аз 80%-и ҳосили ангури онҳо нобуд шудааст. Мақомоти шаҳри Турсунзода хабар доданд, ки имсол ҳамагӣ 10-15%-и аз ҳаҷми умумии ҳосили соли гузаштаро ба даст оварда метавонанд. Сармо бештар ба дарахтони анҷир, хурмо ва анор низ таъсири манфӣ расонида, ҳосил аз онҳо хеле кам мешавад. Дар ҳамин ҳол, нархи пиёзу помидор, бодиринг ва қаламфур дар муқоиса бо аввали сол поин рафтааст. Бар асари гармии шадид зироатҳое аз қабили сабзӣ, лаблабу, кашниз, шибит, ҳамаи навъхои карам, ки дар давраи миёна - моҳҳои апрель ва май кишт шуда буданд, ҳосили пешбинишударо надоданд. Қобили зикр аст, ки соли 2021 нархи сабзӣ ба сатҳи рекорди - 10 сомонӣ барои 1 кило расида, соли 2022 то 1,5-2 сомонӣ поин рафт ва имсол вазъи ду сол пеш такрор меёбад - имрӯз нархи 1 кило сабзӣ на камтар аз 7 сомонӣ аст.