У нас вы можете посмотреть бесплатно НОМАИ МУБОРАКИ ҚОСИМ, ҲАМСАРИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НАГУЗОРЕД, КИ ҲАЁТАШРО СӮЗОНАНД! или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Мубораки Қосим, ҳамсари журналисти зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) рӯзи 30 сентябри соли 2022, дар арафаи судури ҳукми шавҳараш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо яке мактуби саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостааст, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд. “Талаби прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, равони зиндон намудани падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад, ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст... Бовар дорам Шумо бо ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед”, навиштааст дар номааш ба президент Мубораки Қосим.