У нас вы можете посмотреть бесплатно БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР ФАРОНСА БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Рӯзи 8 декабри соли 2022 хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти дохилии Фаронса (DGSI), як ниҳоди аксулҷосусии ин кишвар ба хабарнигорони нашрияи Franceinfo хабар дод, ки 7 зодаи Русияву Тоҷикистон бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса ба ҳабс гирифта шудаанд. Боздошти ин 7 нафар рӯзи 18 ноябр сурат гирифтааст, вале мақомоти амниятӣ танҳо баъди се ҳафта ин хабарро расонаӣ кардаанд. Тафсилоти ин боздоштҳо ва номи дастгиршудагон нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз ин 7 нафари боздоштшуда 5 нафараш қаблан ҳам ба мақомоти аксулҷосусӣ ё контрразведкаи Фаронса ба сабаби таваҷҷуҳ ва алоқаашон ба ақидаҳои тундрави мазҳабӣ маълум буданд, вале ду нафари дигар ба тозагӣ ба Фаронса омада будаанд. Гуфта мешавад, як ҳадафи умдаи ин терронистҳо бояд бозори машҳури солинавии Страсбург аст, ки ҳар сол дар арафаи иди Мавлуди Исои Масеҳ баргузор карда мешавад ва ин бозор аз ҳама бозори асосии бахшида ба иди Мавлуди Исо дар департаменти Рейни поён ба шумор меравад. Бозори солинавии Страсбург қаблан ҳам ҳадафи террористҳо қарор гирифта буд.