У нас вы можете посмотреть бесплатно Дар сари қабри Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Сайид Муҳаммад Низомиддин Авлиё/Мутафаккири Тоҷик/ҲИНДУСТОН или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Номи аслии шоир Яминуддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ ҳангоми истилои муғул ватани худ — шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро қайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Қиронуссаъдайн» менависад: Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт, Буд сана шашсаду ҳаштоду ҳашт. Соли ману рӯз агар баррасӣ, Рост бигӯям, ки шаш буду сӣ. Агар аз рӯи нишондоди порчаи болоӣ соли 652-и ҳиҷрӣ таваллуд шудани Хусрави Деҳлавӣ маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъйин мегардад. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар охири соли 651 ҳиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Деҳлавӣ мегирад. Дар соли 1261, ки Хусрави Деҳлавӣ ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрави Деҳлавӣ Имодулмулк кӯдаки ҳаштсоларо дар таҳти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кумак мерасонад. Дар байни солҳои 1276—1278 Хусрави Деҳлавӣ ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туғрал, ки ҳокими Бангола буд, хидмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ҷо Хусрави Деҳлавӣ дар муддати панҷ сол хидмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсуддин Балбан (1287) Муиззуддин Кайқубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомуддин буд ва ин шахс бо Хусрави Деҳлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизуддин рафтанро қабул намекунад. Дар соли 1299 дар ҳаёти шоир бадбахтие рӯй медиҳад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ҳафта вафот мекунанд. Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» аз ин ҳодиса бо сӯзу гудоз нақл намудааст: К-имсол ду нур зи ахтарам рафт, Ҳам модару ҳам бародарам рафт. Як ҳафта зи бахти тофтаи ман Гум шуд ду маҳи ду ҳафтаи ман Хусрави Деҳлавӣ соҳиби фарзандони зиёд буд, аз рӯи гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панҷ писар (Масъуд, Хизр, Рукнуддин, Айнуддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад) доштааст, ки аз байни онҳо Малик Аҳмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрави Деҳлавӣ 18-уми шавволи 725 ҳичрӣ (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ӯро дар назди қабри Низомуддин ба хок месупоранд. Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ, Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ. Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар, Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ? Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам, Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ. Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту, Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ. Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон, З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ. Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ, Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ? Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо, Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.