У нас вы можете посмотреть бесплатно Муродбек Насриддинов - Руи зеборо مرادبیک نصرالدین روی زیبارا или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ниқоб аз рух барафкандӣ, намудӣ рӯи зеборо, Зи ғайрат доғ кардӣ дар чаман гулҳои раъноро, Ба дил дорам мани шӯридахотир ин таманноро, Ба чашми лутф агар бинӣ гирифторони шайдоро, Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро. Ба ҷони хастаи маҳзуни ман ҳар дам расад сад неш, Чӣ созам инчунин дарде, ки бошад бо мани дилреш, Нишинам бар сари роҳи ту ман афканда сар дар пеш, Ба ҳар ҷо по ниҳӣ он ҷо ниҳам сад бор чашми хеш, Чӣ бошад, оҳ, агар як бор бар чашмам ниҳӣ поро. Куҷо бо айшу ишрат як сари мӯе назар дорад, Чу ман ҳар кас, ки доғи дилрабое дар ҷигар дорад, Чӣ созам эй мусулмонон, дилам сӯзе ба сар дорад, Аҷаб дарде, ки фардо моҳи ман азми сафар дорад, Бимирам кош имрӯзу набинам рӯи фардоро. Маҳи ман марҳами доғи дилам аз неш донистӣ, Ба ҷони Сайидо андӯҳу ғамро беш донистӣ, Маро нодида аз рӯзи азал дилреш донистӣ, Ҳилолиро ба як дидан ғуломи хеш донистӣ, Аҷаб биноие дорӣ, бинозам чашми биноро.