У нас вы можете посмотреть бесплатно Панду ҳикмат дар маснавии ,,Чашмаи ташна”-и Мавҷигули Зардодхон ,,Резаҳои борони ашк” қисмати 2 или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Панду ҳикмат Давоми панду ҳикмат аз порчаи қисмати шашуми маснавӣ : ,,Чашмаи Ташнаи “Мавҷигули Зардодхон - Резаҳои борони ашк”- ***** Пайғамбари акрам овардааст, ки Худои мутаъол мехоҳад Ӯро ситоиш кунанд ва бандагони Худованд ҳам ҳамчунин. Сирри ин дар Нафаҳҳат фиҳӣ мин рӯҳи аст. ****** Худои мутаьол донову ҳалиму меҳрубон аст ва чаро аз илми у баҳраманд нестем? Ба ғайр аз ибодат, ки меьёри зиндагии мо гаштааст. *** Имрӯз шояд шайтони раҷим бо тана бар дини Худо механдад, рафтори мусулмонро дида. Агар куфр набошад фош гуфтаниям, ки ман мусулмон будани худро дар Fapб пинҳон медорам, зеро даврае буд илмро мо меомухтем ва имрӯз намунаи баъдем. Кӣ медонад, ки чанд бор гиристам? Ва шояд ба ашки дида рӯзе ҷонам аз танам бадар ояд. Ё мехоҳанд, ки бо навоварӣ, бадар рафтани ҷоне аз тане бубинанд? Як роҳ сӯи худ дораму як роҳ сӯи адам. Агар бо ҳам оянд яқин ба биҳишт мерасам. То дарди мардумро надидаму насанҷидаму наомухтам, худро дӯст намедоштаму қадр намекардам ва худро дур аз дардҳо намегирифтам. *** Вой ба ҳоли касе, ки одати бемантиқро чун суннату фарҳанги худ қарор дода, дар олами маниҳои зиндагӣ гум гаштааст. Бо хунрези талош варзиданд ва шиор ин буд, ки Худо аз они мост дигарҳо ҳама кофиранд. Нодонон намедонанд, ки бо хунрези Худои бузургу меҳрубонро аз худ меронанд ва рӯ ба сӯи ҷаханнам доранд., ки дар ҷаҳанам шояд ҷое ҳам намондааст. ****** Фариштаҳоро дӯст бидор то туро дӯсту ёвар шаванд. Бо нияти некатон онҳоро андармони орзуҳои худ кунед. Онҳоро магзоред,ки бекор монанд ва шуморо фаромӯш кунанд, зеро баракатро онҳо ато мекунанд. ***** Нафаре бо ишораҳову ифодаҳо пурсон буд, ки чаро бо онҳо дустӣ меварзам? Ба ӯ се шабонарӯз қиссаи рӯзгори Абуҳанифа Нумон ибни Собитро гуфтам, ки бо аҳли байти Пайғамбари акрам дустӣ варзиданд ва балки пешагаро доштанд. Ин мазмуни хубе дорад ва худи ман ҳам нафаре аз ду ҷониб вориси Пайғамбари акрам ҳастам ва аз бархурдҳо дар худ шаҳомате мебинам. *** Аз хондану омӯхтан инсон комил намегардад, агар дар муҳити носолим омӯзанда бошад. *** Биомӯз то шинохта шавӣ, зеро дар ту фалсафаи ту хуфтааст, то чашм бикшояд. *** Имрӯз моему фардо андешаи мо аст. Агар андешаи мо хом бошад, войи мо дар фардои мо, ки аз они мост. Аз худ пурсидан ҳам фанест ва чаро мо ҳама вақт аз дигарон мепурсем? Ё ин одате аст чун одатҳои пучи қадима? *** Зумрае сирри муваффақиятҳоро дар камолоти худ медонанд ва миннат ба Худо доранд, ки бо ӯ ишқ меварзанд. *** Мор аз мо метарсаду мо аз мор, зеро аз бадбинии ҳамдигар огоҳ ҳастем. Мо гарчанд покему ӯ заҳр дорад, мехоҳад пештар ҳучум кунад. *** Рӯ аз нав ба навиштани Маснавӣ овардам, гарчанд гаронтар аз дарди дил буд, зеро намехостам худро гум кунам, аз вазьяти ногувор гурехта. Мисли оне, ки аз такопуи зиндагӣ гурехта, як қисмати Маснавиро дар манзили номеҳрубонон гум карда будам. *** Ба ҳоли худ ҳам гиристам ва будаи онро махфи медорам. *** Дар дини мубини Ислом зан агар мартабае намедошт, мавқеъе шояд меёфт, агар дастгирӣ меёфт. Дар баьзе мавридҳо ӯро чун сигор истифода бурда, чун дуд пуф карда меронанд. Чунин фаҳм аст дар қисмате аз зиндагии мо муслимин, дар бораи моҳияти зан. *** Табиати инсон пок аст. Инсон, ки аз хатогии хеш ё аз фишори атрофиён мегиряд шаҳодатии рад сохтани ҳамаи бадиҳо аст. *** Ин кадар фарёдҳо кардаму гуиё ҳеч кас намешуниду касе дастамро нагирифт. Бо андешаҳоям дар худ шикастаму фурӯ рехтам,зеро шогирди худ будан маьное надорад. *** Дар бораи ҳақиқати дину Худо тасаввуроти мо беш аз он нест-мисли кудаке, ки ҳарфро медонаду дар хондану дарёфти мании калима коҳили дорад. *** Дину дунё даркнашавандаанд. Дарки ин фанро танҳо Ҳазратон доранд, ки камшуморанд. #шеър #адабиёти_тоҷик #мавҷигул #ривоят #видео о #қироъат #чашмаиташна #шаббода #видео #ismailikalam#video #masnavimanavi #poem #poetry#пандуҳикмат#