У нас вы можете посмотреть бесплатно ШӮХӢ НАКУН БО ДОМОД! БОЗДОШТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Маълум мешавад, Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷикро, ки субҳи 15 июн дар роҳ ба Конибодом адар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсияи ин ноҳия дастгир шуда буд, аз онҷо ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур овардаанд. Нимаи дуюми рӯз журналисти дигари тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам, ки дар таҳияи гузоришҳои видеоии Далери Имомалӣ ҳамкорӣ мекард, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, аз онҷоро ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бурдаанд. Рӯзи 4 июн Далери Имомалиро алакай барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад. Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ дар як мошини сиёҳшиша ба самти номаълум бурдаанд.