У нас вы можете посмотреть бесплатно Ҳасан Ҳайдар шеъри Кӯҳзод Фатҳулло - "Ёди Лоиқ"-ро дар 80 солагии устод Лоиқ дар Панҷакент сароид или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ҳар гоҳ ситорае фитод аз гардун, Эй ёр, ситораи моро ёд бикун. Устод Лоиқ Аз само афтад ситора, ёди Лоиқ мекунам, Бо замири пора-пора ёди Лоиқ мекунам. Омаду рўи ҷаҳонро шеърборон карду рафт, Ў намеояд дубора, ёди Лоиқ мекунам. Шоири ошиқ буду бо ишқ рафт ў аз ҷаҳон, Дар барам бошад нигора, ёди Лоиқ мекунам. Ҳар гаҳе, ки меравам сўи Зарафшони пуроб, Ё пиёда, ё савора, ёди Лоиқ мекунам. Монда Варзобу Зарафшон, оҳ, бе Лоиқ зи ҷўш, Во дареғо, нест чора, ёди Лоиқ мекунам. Гарчи умраш буд кўтаҳ, баҳри халқу миллаташ, Гуфт шеъри бешумора, ёди Лоиқ мекунам. Лаҳзае, ки менависам ошиқона шеърҳо, Бо замири пуршарора, ёди Лоиқ мекунам. Гарчи рафт ў шеъру номаш зинда ҳасту ҷовидон, Дар ҷаҳони беканора, ёди Лоиқ мекунам. Ҳаст Лоиқ кўҳзоду номи ман ҳам Кўҳзод, Дар фарози кўҳпора, ёди Лоиқ мекунам.