У нас вы можете посмотреть бесплатно Ахбори Точикистон Имруз - 03.11.2024 | novosti tajikistana или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд. «Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем»- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Дар ин робита бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шурои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.