У нас вы можете посмотреть бесплатно ДОНИШМАНДИ МАЪРУФИ ТОҶИК САФАР АБДУЛЛОҲ БА КУМАКУ ДАСТГИРИИ МОВУ ШУМО НИЁЗ ДОРАД или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Насибҷон Амонӣ, журналисти шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон хабар дод, ки шоир ва донишманди маъруфи тоҷики низ муқими Қазоқистон Сафар Абдуллоҳ инак чанд моҳ боз аз беморӣ ранҷ мекашанд ва ба кумаку дастгирӣ ниёз дорад. “Беш аз ним сол аст, ки донишманди машҳур ва шоири тавонои мо устод Сафар Абдуллоҳ беморанд. Дар ин муддат эшон нахуст чанд бор дар бемористони шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон бистарӣ шуданд ва пасон дар бемористони шаҳри Нурсултон амалиёти душвори қалбро пушти сар карданд ва хушбахтона ин амалиёт хуб гузашт. Пас аз бозгашт ба Алмаато, барои тақвияти ҷисмонӣ боз дар бемористони ин шаҳр табобат гирифтанд. Бо ин ҳама, устод ранҷуранд ва танашон пас аз ин ҳама амалиёту дармонҳо ҳоло заъиф аст ва эшон ниёз ба табобатҳои дигар доранду боз барои дармон дар бемористони шаҳри Алмаато бистарӣ шуданд”, навиштааст Насибҷон Амонӣ. Сафар Абдуллоҳ дар зиндагии худ нафақат бо таҳқиқоти пурарзишаш дар соҳаи адабиёт ва шеърҳои баланди худ , балки ҳамчунин бо дасти сахо ва ҳотамиаш вирди забонҳо шудааст. Дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 Сафар Абдуллоҳ бо онки худ ба мулки ғурбат рӯ оварда буд, ба даҳҳо тан аз донишмандону шоирон ва адибони тоҷик кумак мефиристод. Бино ба нақли дӯстонаш, дар он солҳо адиби шуҳратёри қазоқ Олжас Сулаймонов ба Сафар Абдуллоҳ 10 ҳазор доллар кумак кардааст, то барои худаш дар Алмаато хонае бихарад. Вале Сафар Абдуллоҳ ин ҳама пулро барои кумак ба қаламкашони тоҷик сарф кард. Ва аммо имрӯз, муттаассифона, беморӣ Устод Сафар Абдуллоҳро аз пой даровардааст ва худи ӯ муҳтоҷ ба кумаку дастгирӣ шудаанд. Насибҷон Амонӣ менависад: “Ҳар паёму ёрии Шумо дастгирии бузурге мегардад ба устод ва эшон бо ёрии Худованду дастгирии Шумо ба беморӣ пурра пирӯз мегарданду пас аз сипарӣ кардани ҳама давраҳои табобат боз чун пештара фаъолона моро дар олами маҷозӣ ҳамроҳӣ ва ҳам номи миллатамонро дар нишасту анҷуманҳои бузурги илмӣ муаррифӣ мекунанд ва ҳам бо ашъори нобу оливу миллиашон моро шод мегардонанд. Пешопеш , аз ҳамаатон сипос барои дилсӯзиву дастгирӣ. Ин ҳама ёриҳои Шумо як навъ посухи хуб ва бамавриде хоҳад гардид ба устод барои он ҳама ёриву дастгирии бузурге, ки устод ба мо дар дар муддати беш аз 40 сол карда буданд ва Худо хоҳад, пас аз шифои комил ёфтанашон боз хоҳанд кард”. Шумо метавонед ёрии молиявии худро аз тариқи ин ҳисобҳои бонкӣ ба Устод Сафар Абдуллоҳ бирасонед: 1. KZ5396502F0014189314 (ҳисоби бонкӣ барои доллари амрикоӣ) 2. KZ3396502F0014189286 ( ҳисоби бонкӣ барои рубли русӣ) Номи бонк ForteBank, Ҳисобҳо ба номи Насибҷон Амонбоев( Nasibjon Amonboev). Шумораи телефон: +7 7773705711. Зимнан, хоҳишмандони кумак метавонанд ба ин рақами телефон низ кумаки худро гузаронанд.