У нас вы можете посмотреть бесплатно Ҳисобу китоби андози воситаи нақлиёт или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Андози воситаи нақлиёти худро ҳисоб карда метавонед? Киҳо аз пардохти андоз аз воситаи нақлиёт озоданд? Агар дар ин бора маълумот надоред, пас, барномаи навбатии моро пайгирӣ намоед. Автомобил, мотосикл, мотороллер, автобус аз ҷумлаи объектҳои андозбандӣ ба ҳисоб мераванд. Новобаста ба корношоямии воситаи нақлиёт ва бо сабабҳои гуногун истифода нагардидани он, инчунин дар қайди давлатӣ набудани воситаи нақлиёт, андозсупоранда уҳдадор аст андоз аз воситаи нақлиётро пардохт намояд. Манбаи андоз аз воситаҳои нақлиёт иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ё воҳиди истифодаи қувваи барқ ҳисоб мешавад. Меъёри андоз бо фоиз нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳисоб карда мешавад. Вобаста ба иқтидори муҳаррики мошин меъёри андоз бо фоиз зиёд мешавад. Барои мисол, агар иқтидори муҳаррики мошин то 250 қувваи асп бошад, меъёри фоиз 7,5% аст. Агар аз 250 то 300 қувваи асп бошад, меъёр 10%. Ҳамин тавр, бо зиёд гардидани иқтидори муҳарриқ меъёри фоиз афзоиш меёбад. Барои дурусту дақиқ ҳисоб намудани андози нақлиёти хеш ба сомонаи Кумитаи андоз ворид гардида, бахши «андоз аз воситаҳои нақлиёт»-ро интихоб мекунем. Навъи муҳаррикро интихоб карда, иқтидори муҳаррикро ворид ва тугмаи ҳисобкуниро пахш мекунем, ки натиҷа пешниҳод мегардад. Андоз аз воситаҳои нақлиёт на дертар аз муҳлати гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт пардохт карда мешавад. Тракторҳо, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладарав, пахтачин ва махсус, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ истифода мебаранд, воситаҳои нақлиёти тиббии махсус, воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда аз андозбандӣ озоданд. Маъюби гурӯҳи I ё II, ҷанговари интернатсионалист, иштирокчии рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил барои як мошини сабукрав, ки агар моликаш ба ҳисоб равад, андоз намесупорад. Иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиётии сиёҳшиша ва хира ба номгӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии буҷети давлатӣ шомил шуда ниҳоди масъул Раёсати БДА-и ВКД ба ҳисоб меравад. Агар маълумот бароятон наву муфид буд, лайк гузоред ва ба дигарон фиристед! #автомобили #налог #таджикистан #коррупсия