У нас вы можете посмотреть бесплатно БОЗДОШТИ НУРИ ФАҚИР ВА МАҲМАДИ ХИРС ДУ ФАРМОНДЕҲИ СОБИҚИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Нури Фақир ва Маҳмади Хирс, ду ҷангии собиқи Фронти халқӣ дар водии Вахш ва муҳофизони собиқи Файзалӣ Саидов, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, моҳи август бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, фармондеҳи собиқ ва ҳоло зиндонии Фронти халқӣ, дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҳардуро кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон дастгир кардаанд ва ҳоло Нури Фақир дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштааст. Маълум нест, ки оё вазъи рӯҳии ӯ дар ҷараёни бозпурсиҳо бад шудааст ваё ӯро барои ташхиси ҳолати равонӣ ба инҷо фиристодаанд ваё хобондан дар “психушка” василаест барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ. Манбаи “Бомдод” мегӯяд, мақомот бо кадом роҳҳое (маълум нест, зимни бозпурсиҳо ваё аз тариқи ба паҳлуи ӯ дар зиндон шинондани одамони худашон) маълумот ба даст овардаанд, ки гӯё вақтҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон дар ҳоли фирор қарор доштани Хӯҷа-Командир, Нури Фақир ва Маҳмади Хирс тез-тез ба аёдати ӯ ба хориҷа рафта, дар бораи вазъи парвандааш ба ӯ маълумот мебурдаанд. Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи расмӣ ҳанӯз муяссар нашудааст. Маҳмади Хирс, сокини қитъаи сеюми ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш, додарарӯси генерал Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон аст. Нури Фақир (Нуралӣ Фақиров) баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 ба мақоми комиссари ҳарбии вилояти Хатлон таъйин шуд ва дар ин мақом то соли 2017, беш аз 20 сол кор кард. Баъди тарки ин мансаб Нури Фақир ба ҳайси мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекард.