У нас вы можете посмотреть бесплатно Азимова: Кишоварзӣ ҳавас нест! | Минбари зан или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Азимова: Кишоварзӣ имлу амал аст –на ҳавасу фориғмасалӣ Қаҳрамони мо маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаро барои истеъмол ва фуруш ҷамъоварӣ мекунад. Бо вуҷуди тағйироти назарраси иқлим қаҳрамони тавонист ҳосили дилхоҳи картошкаро ба даст орад. Азимова мегӯяд боронҳои шадиду пайдарпайи баҳори имсола боис шуд, ки баъзе аз деҳқонон ба ҷойи сабзиву картошка алафу беда кишт карданд. Вале Қутфия роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағироти иқлимро ёфт ва мисли солҳои қаблӣ заминро ҳосилхез нигоҳ дошт. Ӯ дар баробари картошка аз кишти сабзӣ низ ҳосили дилхоҳ руёнид. Азимова мегӯяд агар соҳаи кишоварзиро хуб омузӣ ва меҳнат кунӣ зарурати ба муҳоҷират рафтан нест. Зеро ин соҳаи одамро ҳам мехуронаду ҳам мепушонад. Қаҳрамони мо бо пули деҳқонӣ ва ду фарзандашро соҳибилм кардааст. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар умум дар майдони наздики 30 ҳазор гектар картошка кишт шуда, наздики 744 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин дар майдони 2717 гектар сабзӣ кишт шуда, бе назардошти кишти такрорӣ беш аз 60 ҳазор тонна ҳосили сабзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳоло Қутфия барои зимистонгузаронӣ номгуйи зиёди маҳсулоти кишоварзию чорводориро захира кардааст. • Азимова: Кишоварзӣ ҳавас нест! | Минбари зан