У нас вы можете посмотреть бесплатно ТАФТИШИ ПАРВАНДАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ НИЗ БА ПОЁН РАСИДААСТ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Бино ба иттилои дарёфтии расонаҳо, тафтиши парвандаи рӯзноманигори мустақили тоҷик Далери Имомалӣ ба анҷом расидааст. Мақомот ва вакили мудофеъ бо баҳонаи махфӣ будани парванда дар ин бора маълумот намедиҳанд, вале Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми августи соли 2022 бо истинод ба “манобеи боварибахш” хабар дод, ки "тафтиши парвандаи Далери Имомалӣ ба анҷом расидааст ва он рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад." Далери Имомалӣ, ҳунарпеша, журналист ва блогери мустақил, рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилаи видеоҳо дар бораи тахриби хонаҳои мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуд. Худи ҳамон рӯз мақомоти ноҳияи Шоҳмансур бо баҳонаи гӯё ба корманди милиса “зӯроварӣ” нишон доданаш журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки дар таҳияи видеоҳо ба Далери Имомалӣ кумак мерасонд, низ ба ҳабс гирифтанд. Танҳо баъди беш аз як моҳи ҳабсаш, мақомот хабар доданд, ки Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, нашри хабари дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад. Иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар баробари “зӯроварӣ” ва “таҳқири намояндаи давлат” ба айбномаи ҳамкори Далер Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ афзуда шудааст. “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду созмони оппозитсионии фаъолияташон феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ изҳор доштанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳеҷ кадоми дигар аз журналистҳои ахиран дар Тоҷикистон ҳабсшуда узви онҳо набуданд ва ҳамкорие ҳам надоштанд. Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ алакай баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба дасти ин додгоҳ расидааст, вале санаи шурӯи мурофиа ҳанӯз эълон нашудааст.