У нас вы можете посмотреть бесплатно ХАТОИ СОЛҲОИ СИЮМРО ТАКРОР НАКУНЕМ! НОМАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ АЗ СИЗО №1 БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Далери Имомалӣ, журналисти тоҷик, ки рӯзи 17 октябри соли 2022 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нома навиштааст. Дар ин нома, ки муаллиф онро “номаи фарзандона” номидааст ва матнашро шоми 23 ноябр “Азия Плюс” нашр кард, Далери Имомалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, агар бо иштироки ӯву Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ягон видео нашр шавад, ба ягон ҷумлаи он бовар накунанд. “Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст. Бори дувум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд. Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ” идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмадзода буд, ки дар рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд”, навиштааст Далери Имомалӣ. Ӯ ҳамчунин аз президент хостааст, се фарзандашро зиндаятим накунад ва дар умум зиндонӣ кардани мардум бо моддаи 307ро кам кунанд, чунки аксарият ҷавонони зери синни 40 бо ин ҷурм ба зиндон рафта истодааст. Далери Имомалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, ки ба мурофиаҳои баъдии парвандааш хабарнигоронро роҳ бидиҳанд. Ӯ ҳамчунин хитоб ба президенти Тоҷикистон навиштааст: “Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!”