У нас вы можете посмотреть бесплатно Инро хиёнати миллӣ медонам!| Муҳиддин Кабирӣ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
#Тоҷикистон #МухиддинКабири #Душанбе #تاجیکستان #ПМТ #ҲНИТ #Таджикистан #Кабири #МардумиТоҷикистон #تاجیکی #ПахшиЗинда #فارسی #КДАМТ #ВКД #Инқилоб #Farsi #محی الدین #کبیری #эмомалирахмон #ЭмомалӣРаҳмонов #Tajikistan #Tadschikistan #центральнаяазия #Роccия #Afganistan #Live #Stream Гуфтугӯи Муҳиддин Кабирӣ бо мардум дар пахши мустақим | Байни Мардум №3 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии солонааш, ки имрӯз 2 феврал баргузор шуд, иддао кард дар соли 2021 беш аз сад нафар аъзои Паймони миллии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон баргашта таслими мақомот шудаанд. Ба гуфтаи вазир онҳо “аз кардаи худ пушаймон шуда, аз фаъолияти худ даст кашида, ба Тоҷикистон баргаштанд ва афв шуданд”. Аммо масъулин ПМТ ва ҲНИТ на танҳо ин гуфтаи вазири дохиларо рад карданд, балки ҷиддӣ ҳам нагирифтанд. Темур Варкӣ, раҳбари департаменти матбуотии ПМТ дар посух ба суоли Паём дар бораи идааои Раҳмизода гуфт, вазири дохила “ба ҳайси як шоир фонтазии ғаниву баландпарвозе дорад”. “Ӯ инро дар орзуҳо ва хобҳои ҳиндиаш дидааст. Дар “бозгашти ихтиёрӣ ба ватан”-и Шарофиддин Гадоев вазири дохилаи Тоҷикистон дар кишвару берун аз он чун мухлиси филмҳои Болливуд ва филмҳои фантастикии тасвирӣ машҳур шуд. Ҳоло бо “шарофати” нобиға Рамазон Раҳимзода, вазири дохила ва зердастонаш, парвандаи Шарофиддин Гадоев то болотарин мақомоти байналмиллалӣ, СММ ва додгоҳи байналмилал расид. Давлат ва буҷа, ҳарчанд дар дуздидани Гадоев гунаҳкор нестанд, маҷбуранд барои ҷинояти сатҳи байлналмилал — дуздидани инсон ҷарима пардохт кунанд” — гуфт раҳбари департаменти матбуотии ПМТ. Ӯ таъкид кард “Айнан дар ҳамин шакл — халта дар сар ва даст дар завлона Иззат Амон, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва баъзе аъзои Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон “ихтиёрӣ баргаштанд”. Аммо ҳеҷ кадом аз ин дуздидашудаҳо узви ПМТ набуданд ва ҳеҷ узви дигар ҳам ба кишвар барнагаштааст. на ихтиёрӣ ва на бо кӯмаки дуздҳои ВКД”. Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ, ки ҷузъи ПМТ ҳам ҳаст, иддаои Раҳимзодаро “фиреб ва тақаллуб” номид. “Дар воқеъ масала чунин нест. Вазъияти кишвар ба гунае аст, ки ҳар касе ба хотири худширинкунӣ ва ба даст овардани рутба даст ба тақаллубу фиреб мезанад. Масъалаи бозгардондани мухолифон ҳам барои бархе мақомдорону вазирон гоҳе манбаъи даромад, гоҳе боиси исботи садоқат ва гоҳе ҳам василаи ҳифзи мансаб мебошад. Ба ҳамин хотир бархеҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки чанд нафар аз мухолифонро баргардондаанд” гуфт ӯ. Сухангӯи ҲНИТ таъкид кард “ҳамагон медонанд, ки аксарияти аъзои собиқи ҲНИТ дар дохили кишвар ва Русия боқӣ монданду ба кору зиндагии оддии худ баргаштанд. Онҳо ҳеҷ фаъолияти сиёсии дигаре надоранд. Аммо мақомот аз онҳо низ гоҳе ба манфиати худ истифода мебаранд, мутаассифона. Ба ҷуз чанд нафари ангуштшуморе, ки дар ибтидо ба Тоҷикистон баргашта буданд дигар ҳеҷ узви фаъоли дархориҷбудаи ҲНИТ ба Тоҷикистон барнагаштааст. Магар дар ҳолатҳое, ки бехабар онҳоро дуздида бурда бошанд”. Қаюмзод ба чанд узви собиқи боздоштшудаи ҲНИТ дар соли гузашта ишора кард ва гуфт “афроде мисли Мирзои Ҳоҷимуаҳммад, Ашрафиддин Ҷалолиён ва дигарон худашон ба Ватан баргаштанд зеро аслан дигар фаъолияти сиёсӣ надоштанд, аммо мутаассифона боздошт шуданд”. Темур Варқӣ бо муроҷиъат бо муроҷиъат ба шаҳрвандони кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ҳуқуқибашарӣ даъват кард “парвандаи дуздии шаҳрвандони Тоҷикистон дар берун аз кишварро ба додгоҳҳои байналмилал бирасонанд. “Аввалан номҳои ҳамаи одамрабоҳову гангстерҳои пагондор бояд ба мардум ва ҷаҳон шинос бошад. Сониян ин ҷинояткорони давлатӣ бояд назди қонун посух бигӯянд”. Cуроғаи Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ________________________________________________________ Cаҳифаи Муҳиддин Кабирӣ дар Фейcбук - Facebook / muhiddinkabiriofficial Cаҳифаи Муҳиддин Кабирӣ дар тик ток - Tik Tok https://vm.tiktok.com/ZM8p1tQju/ Cаҳифаи Муҳиддин Кабирӣ дар Инcтаграм - Instagram https://instagram.com/kabirimuhiddin?... muhiddin kabiri 2021 - 2022 мухиддин кабири прямой эфир мухиддин кабири 2022 cрочно мухиддин кабири мухиддин кабири канал мухиддин кабири кист паймони миллии тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон мухиддин кабири 2022 года кабири 2022 - 2021 мухиддин кабири сегодня мухаммадикбол имруз россия ятимов буз news мигранты мардуми тоҷикистон ахбори точикистон имруз авангард вкд рамазон рахимзода cоли нав 2022 давлат кдам isloh tv Гуфтугӯ бо Мардум бачахоро ба майдон даъват кард! #хабар минбари муҳоҷир news ахбори точикистон имруз