У нас вы можете посмотреть бесплатно Суханронии Шералӣ Кабир дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Имконияти иқтисодӣ ва фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея бо доираҳои соҳибкорию сармоягузории Корея муаррифӣ гардид. Дар Форум беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Корея ширкат варзиданд. Инчунин, дар Форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир иштирок намуда, вобаста ба ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, муаррифии фазо ва имкониятҳоии сармоягузории Тоҷикистон, густариши равобити тиҷоратӣ байни ду давлат ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Корея суханронӣ намуданд. Мавсуф афзуд, ки ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ беш аз пеш густариш меёбад, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад. Таъкид шуд, ки байни Тоҷикистон ва Корея то ҳанӯз имкониятҳои бузурги истифоданошуда хеле зиёд аст ва дар оянда самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда ба манфиати ҳар ду давлат хоҳад буд. Дар Форум инчунин доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва рушди соҳикборӣ, таъсиси корхонаҳои муштараким саноатӣ ибрози назар карда шуд. Ба доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Корея фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиянок, аз ҷумла, саноат, энергетика, бонкдорӣ, сайёҳӣ муаррифӣ гардид. Дар доираи Форум вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар ҳошияи Форум аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва минтақаҳои саноатии Тоҷикистон дидан намуданд.