У нас вы можете посмотреть бесплатно Тоҷикистон ҳавопаймои президенти Мексикаро харидааст или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ҳукумати Мексика эълон кард, ки ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишварро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхтааст. Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд. Онро ҳукумати Мексика соли 2012 гирифта буд. Лопез Обрадор, раиси ҷумҳури Мексика, рӯзи 21-уми апрел дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймои "Boeing 787 Dreamliner"-ро ба арзиши 92 миллион доллар фурӯхтанд, ҳарчанд қимати аслиаш 218 миллион доллар аст. Маълум нест, ки ҳавопайморо ба кадом ширкати Тоҷикистон фурӯхтаанд, аммо раиси ҷумҳури Мексика гуфт, ҷузъиётро ҳафтаи оянда эълон мекунанд. Ба қавли ӯ, ҳукумати Тоҷикистон 10 рӯз вақт дорад, ин ҳавопаймои гаронарзишро, ки таъмиру нигаҳдориаш ҳам харҷи зиёд дорад, дар ихтиёр бигирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.