У нас вы можете посмотреть бесплатно "Аруси замонавӣ" - филми тоҷикӣ / Arusi Zamonavi - Tajik Film или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru
Мазҳакаи “Арӯси замонавӣ” шоми 7-уми феврал дар кинотеатри “Кохи Ҷомӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 600 тамошобин сурат гирифт. Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманде, ки нақши асосиро дар филм бозӣ кардааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳадаф аз наворбардории ин филм на ба даст овардани фоида балки як навоварӣ кардан дар синамои тоҷик аст. Нақшҳои асосиро дар “Арӯси замонавӣ” худи Набиҷон Пирматов, Макс Қосимов, Сабина Шоҳимардонова ва Моҳпайкар Ёрова бозӣ кардаанд. Мӯҳтавои мазҳакаи “Арӯси замонавӣ” аслан ҳаёту зиндагии Рустам ва Максро дар бар мегирад. Ин ду донишҷӯ комилан хислатҳои бо ҳам мухолиф доранд - Рустам ботамкину ором ва Макс шӯху беқарор аст. Дуи онҳо дар факултаи сохтмон таҳсил мекунанд. Рустам ба ҷуз аз таҳсил дар донишгоҳ дар нуқтаи мошинтаъмиркунӣ низ кор мекунад. Дар пайи иттифоқоти аҷибе ӯ бо духтари шаҳрӣ Сабина ошно мешавад, ки ҳамеша бо русӣ ҳарф мезанаду забони тоҷикиро намедонад. Сабина, ки дар шаҳр ба воя расидаву забони тоҷикиро намедонад, ба хотири муҳаббати беандозааш ба зиндагии сахту пурмашақати деҳаи Рустам ва золимиҳои худошманаш тоб оварда, билохира муваффақ мешавад. Филми “Арӯси замонавӣ” 1, 5 соат тӯл дорад. Бархе аз тамошобиноне, ки нахустнамоиши ин филмро диданд, мегӯянд, шеваи наворбардорӣ ва сюжаи филм ба “Супер-келинчак”, филми як замон дар Тоҷикистон пурбинандаи наворбардорони узбак хеле шабоҳат дорад. #АрусиЗамонави #ArusiZamonavi #Tamoshow в соц.сетях - подписывайся! Instagram / tamoshow Facebook / tamoshow Вконтакте http://vk.com/tamoshow Telegram http://telegram.me/tamoshow