У нас вы можете посмотреть бесплатно СОҲИБКОРИ БАДАХШОНӢ ШАҲБОЛ ШОҲАЛӢ ДАР БАРТАНГ МАКТАБ СОХТ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Як сол пеш – 10 сентябри соли 2020 Музаффар Имомдод дар Фейсбук видеои аҳволи риққатовари мактаби фарсудаи деҳаи Равмеди дараи Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард ва дар зераш навишт: “Ман мутмаинам, ки бисёриҳо бо дидани ин мактаб ба шок меафтанд! Умедворам, вазири маориф ба ин видео билофосила вокуниш хоҳад кард”. Вокуниши вазири маориф маълум нашуд, вале мақомоти ВМКБ росташро гуфтанд, ки нақшаи сохтани мактаби нав дар Равмед ва ҳатто нақшаи бозсозии мактаби мавҷуда дар ин деҳа ба сабаби ҳам камбуди маблағ ва ҳам кам будани шумораи хонандагон дар чунин мактабҳо дар деҳаҳои хурди кӯҳистонӣ дар дасти баррасӣ қарор надорад. Як сол пеш, вақте видеои мактаби Равмед нашр шуд, бисёриҳо ба танқиди мақомот сар карданд, ки дар фикри сокинон нест. Вале Музаффар Имомдод як сол баъд навишт, ки нияти ӯ на танқид, балки пайдо кардани маблағгузоре буд, ки барои кӯдакони Равмед мактаби нав бисозад. “Ман талош доштам, ки чунин маблағгузорро аз хориҷ пайдо кунам, вале ғайри чашмдошт, чунин одамро аз байни дӯстони худам пайдо кардам. Як дӯст баъди се рӯзи нашри он видео зангам заду гуфт, ки биё, ман он мактабро сохта бидиҳам. Ман ҳатто худамро чанд лаҳза гум кардам, он қадар аз хушбахтӣ сарам ба осмон расида буд. Бо шарофати ҳамин одаме, ки дар акс дар паҳлуми ман истодааст, Shahboz ShohAli (Юрик) мактаб дар сатҳи баланд бунёд шуд”, - навиштааст Музаффар Имомдод. Мактаби нав дар Равмед бо харҷи беш аз ним миллион сомонӣ сохта шуда, бино ба иттилои Музаффар Имомдод, ширкати сохтмонии "Хонаободони Помир" дар шахси Амида Симакова, Акбара Мамлакатова ва Асорой Айдармамадова дар сохтмони ин мактаб ба таври ройгон хидмат кардааст.