У нас вы можете посмотреть бесплатно Ҳафт паризоди як дара или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Мардуми Шингдара ривоят мекунанд, ки дар замони қадим дар дараи Шинг кӯҳнадӯзе будааст. Ин мард ҳафт духтари нозанине доштааст, ки ҳар яке дар ҳусну латофат аз якдигар бартарӣ доштаанд. Онҳо аз модар ятим монда, дар парастории падар тарбият меёфтаанд. Падар нозанинонро бо як меҳру муҳаббати беандоза ба воя расонида буд. Мардум ривоят мекунанд, ки подшоҳзодае барои шикору истироҳат ба ин дара меояд ва дар наздикии қалъаи Нофин, ки то имрӯз осораш дар ин ҷо воқест, паризодеро мебинад, ки аз ҳусну латофат бағоят болост. Ба ӯ мафтун мешавад ва мехоҳад ба ин паризод издивоҷ кунад. Баҳри ин мақсад ба хонаи ин нозанин хостгор мефиристад, аммо аз золимию хунхории падари шоҳзода қиблагоҳи духтар, яъне марди кӯҳнадӯз хабардор буд ва хоҳиши шоҳзодаро рад мекунад. Шоҳзода аз ин ҳол хашмгин шуда, мехоҳад бо зулм паризодагонро ба худ ба канизӣ гирад. Аз ин рафтори шоҳзода нозанинҳо хеле маъюсу ғамгин шуда, ба Худованд бо гиряву нола муноҷот мекунанд, то онҳоро аз чанголи ин шоҳзодаву падари хунхори ӯ вораҳонад. Худованд муноҷоти ин паризодҳоро аз рӯи ин ривоят мустаҷоб гардонида, ин ҳафт нозанинро ба ҳафт кабӯтар табдил медиҳад. Хулоса, ба қавли мардуму ин ривоят, чун ҳафт нозанин кабӯтар мешаванду дар парвоз буданд, рӯзе ин шоҳзодаи хунхор боз ба ин дара ба шикор меояду дар ҳар мавзее яке аз ин кабӯтаронро тир мезанад. Чун кабутари нозанин захмӣ шудаву ба замин меафтад, ҷойи ӯ кӯле пайдо мегардад. Ҳамин гуна, ин ҳафт нозанин ҳадафи тири ин шоҳзодаи бераҳм қарор мегиранду ҷойи онҳо ҳафт кӯл дар мавзеи Шингдара бо номи ин ҳафт нозанини паризод аз рӯи ин ривоят пайдо мешавад.