У нас вы можете посмотреть бесплатно Cупоридани мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд 18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад. Истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати истиқлол дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро муҳайё намуд. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки чун анъана дар арафаи ҳар ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем. https://khovar.tj/2021/08/1peshvoi-mi... #мукофот #унвон #ҷоиза