У нас вы можете посмотреть бесплатно Ду орзуи зани аробакаш дар Моҳи Шарифи Рамазон или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Ду орзуи зани аробакаш дар Моҳи Шарифи Рамазон Садбарг Раҷабова зодаи ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон буда, ҳаёти талху сангинеро ба сар мебарад. Ин ҷавонзани азиятдида 4 фарзанди зиндаятим дорад ва беш аз 10 сол боз зиндагиашро бо аробакашӣ пеш мебарад. Дар чунин рӯзҳои сарду боронӣ низ Садбарг партовгоҳ ба партовгоҳ гашта, халтаҳои кӯҳнаи селофанӣ, бақлашка ва оҳанпораю зарфҳои шикастаро ҷамъ мекунад, то ки аз фурӯши партовҳо пули ночизе ба даст оварда, ба фарзандонаш ақаллан як пора нон ёфта диҳад. 3-4 сол қабл мо дар бораи ҳаёти душвори ин зан навори видеоие омода намуда будем. Пас аз пахши навор писарчаи хурдии Садбаргро, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар оби ҷӯшон сахт сӯхта буд, ба таври ройгон табобат намуданд, аммо ягон соҳибкори хайрхоҳе пайдо нашуд, ки дасти ин зани азияткашидаро гирифта, фарзандони ятимашро соҳиби сарпаноҳ созад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, акнун писари калониаш ба гапетити С гирифтор шуда, Садбарг Раҷабова маҷбур шудааст, ки боз рӯ ба сомона орад. Биёед, дарди дили ин занро аз забони худаш мешунавем. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зан ёрӣ расонанд, метавонанд хайрияашонро ба кортҳои бонкии Душанбе-Сити бо рақамҳои зерин гузаронанд: 4444 8888 1297 6342 (Виза), 9762 0001 1179 8020 (Корти миллӣ) ва 4713 3800 2131 3552. Кортҳои мазкур ба рақами телефони (992) 93-925-90-90 пайваст мебошанд.