У нас вы можете посмотреть бесплатно АЗ 14 БА 21: ХӮҶА-КОМАНДИР ИН ДАФЪА БА 21 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар пайи баррасии парвандаҳои наваш ба 21 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додгоҳи олӣ 9 феврали соли 2021 Хӯҷа-Командирро бо ҷурми гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм ва куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба 14 соли зиндон маҳкум кард, вале бисёриҳо 14 солро барои ҷиноятҳои сангини ин ҷангсолор хеле сабук номида, изҳори норозигӣ мекарданд. Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҳукм ду рӯз пеш эълон шуд ва он бо назардошти ҳукми пешинаш, яъне дар маҷмӯъ 21 сол хонда шуд". Ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи судури ҳукми аввали Хӯҷа-Командир "беш аз 15 каси дигар дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов шикоят карданд". Як манбаи огоҳ аз ҷараёни парванда ба Озодӣ гуфтааст, ки ӯ дар мурофиа бархе иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо қабул накардааст. Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ барои Хӯҷа Каримов 30 соли ҳабс хоста буд. Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест: "Ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад".