У нас вы можете посмотреть бесплатно Барномаи "ХОНИ АДАБ" дар асоси ашъори Cармад дар деҳаи Ғазза / khoni adab или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Сармад (Гадобой Ӯзбеков) шоир, соли 1948 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа дар омӯзишгоҳӣ педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома медиҳад. Намунае аз ашъори ӯ: ------------------------------------- Тоҷикистон сарнавишти ишқи сӯзони ман аст Зарраи хоки азизаш, доруи ҷони ман аст Дар бари гаҳвораи сангаш фароғат ёфтам Тахтасанги кӯҳсораш, тахти Сомони ман аст Модар ----------- Захми дилро нӯшдору меҳри модар будааст, Дидаҳо аз нури рӯи ӯ мунаввар будааст. Шеъри тифлон мешавад эҷод бе ҳарфу қалам, Кӯдаконро дасти модар ҳамчу минбар будааст. Кӯдакиҳоям ба ёд ояд, дилам гум мезанад, Як дами тифлона бо умре баробар будааст. Дар нигоҳи гушна охир хирмани зар ҳеҷ нест, Донаи гандум беҳ аз сад гуна зевар будааст. Сар ба рӯи болини қу беватан осуда нест, Хоби ширин сар ба рӯи санги кишвар будааст. Сад ҳазорон корзор андар замиру ҷони мост, Ҳар ки бар худ ғолиб ояд, ӯ музаффар будааст. Дил ба фарёд омаду бар Сармади шӯрида гуфт, Беҳтарин ганҷе, ки гум кардем модар будааст.