У нас вы можете посмотреть бесплатно СУХАНОНИ ҲОҶӢ МИРЗО ДАР БОРАИ ТОҶИКҲОЕ, КИ ДАСТ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ МЕЗАНАНД (ШАКЛИ КӮТОҲ) или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо дар як суханронӣ ба мавзӯи иштироки ҷавонони тоҷик дар ҳамлаҳои террористӣ ва ҳатто ба ҳамлаҳои маргталабона пардохта, гуфт, ин нафарон фикр мекунанд, ки бо ин корашон аҷре ваё мақому ҷойгоҳе баланд пеши Худованд ба даст меоранд, вале ин фикрашон ботил аст. Ҳоҷӣ Мирзо гуфт, дини Ислом куштани мардуми мулкиро манъ кардааст ва ба ин далел, онҳое ки даст ба амалҳои террористӣ зада, мардуми бегуноҳро қурбон мекунанд, ба ҷои касби манзалат баракс ба азоби Алллоҳ гирифтор хоҳанд шуд. Ин суханронии Ҳоҷӣ Мирзо дар ҳоле нашр шуд, ки вақтҳои охир дар Интернет гуруҳҳои динситез маъракаи густардаи сиёҳу бадномкуниро ба зидди ӯ ба роҳ андохтаанд. Ҳоҷӣ Мирзо дар гузашта имомии масҷиди "Ҳилоли Аҳмар" дар шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт ва дар давраи имоматии ӯ ин масҷид яке аз масҷидҳои аз ҳама пуродам дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ва дар умум ҷануби Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳазорон нафар аз роҳҳои дур ҳар рӯзи ҷумъа барои шунидани мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо ба ин масҷид меомаданд. Вале дар ҷараёни зери назорати давлат овардани фаъолияти имомхатибҳо Ҳоҷӣ Мирзоро аз имоматӣ барканор карданд ва ӯ чандин сол боз аз минбар дур зада шудааст. ВИДЕО АЗ САҲИФАИ РУСТАМ АСРОРЗОДА ДАР ФЕЙСБУК / 736691521982347