У нас вы можете посмотреть бесплатно Дар Тоҷикистон ҷазо барои “шантаж”-и онлайнӣ ё “интиқоми порнографӣ” чӣ гуна аст? или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Агар зӯроварӣ тариқи интернет рух диҳад, қонун “кор намекунад”? Қонунгузории Тоҷикистон таҳдид ё шантаж ва интиқоми порнографиро чӣ гуна муайян мекунад? Дар нашри навбатии силсилаи махсуси подкастҳои мо, ки ба 16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ бахшида шудааст, мо бо ҳуқуқшинос Хуршед Қурбоншоев дар бораи бехатарӣ дар фазои онлайн суҳбат кардем. Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки таҳдидҳои онлайнӣ аз рӯи шакл ва таркиби ҷиноятӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд. “Асосан таҳдидҳои онлайнӣ ҳамаи таҳдидҳое ҳастанд, ки вобаста ба паст задани обрӯву эътибор, тамъҷӯӣ, ба тарсу ҳарос афкандани ин ё он шахс мебошад. Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми “таҳдиди онлайнӣ” вуҷуд надошта бошад ҳам, онро метавон аз рӯи банди кирдорҳои ҷиноятии шахсе, ки ба ҳамин амал даст мезанад, муайян карда, ба ҷавобгарӣ кашид”,- афзуд Қурбоншоев. Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории кишвар, инчунин мафҳум ё истилоҳи “интиқоми порнографӣ” мутаассифона вуҷуд надорад. Ин мафҳумро инчунин ҳамчун “паҳн кардани маводи маҳрамона” ё “интиқомҷӯӣ бо роҳи паҳн кардани маводи маҳрамона” маънидод кардан мумкин аст. “Махсусан дар Кодекси ҷиноятӣ моддаҳои алоҳида ҳастанд. Масалан, тибқи моддаи 250 шахсро барои тамаъҷӯӣ ё ба истилоҳи дигар “шантаж” ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст”,- мисол овард ҳамсуҳбати мо. #подкаст #зӯроварӣ #yourtj #orangetheworld #16days #stopgbv #OSCE