У нас вы можете посмотреть бесплатно Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии баргузори ҷашни қадимии саддаро таҷлил намуданд или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ доир гардид.Д ар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаашонро, ки хоси он минтақа аст,пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиниданд.Дар ин ҷашнгоҳ инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, техникаҳои соҳавӣ, техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд ба ин ҷашнгоҳ омада, маҳсулоти пешниҳодгардида ва гулу буттаҳои ороишию ниҳолҳоро харидорӣ намоянд.