У нас вы можете посмотреть бесплатно МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВАЗИФАИ НАВ ГИРИФТ или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид. Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд. Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт. Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд. Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд. “Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, — изҳор доштанд Пешвои миллат. Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд. Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта дар маркази фаъолияти масъулон қарор дошта бошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди ҳама сатҳҳо ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур намонанд. Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул зарур аст. Таъкид карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории зичи масъулин бо мардум имкон аст, ҳамаи имкониятҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, таъмин гардад ва ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ шавад. Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, аз масъалаҳое буданд, ки ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Масъулияти баланди аъзои Маҷлиси миллӣ ва маъсулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.