У нас вы можете посмотреть бесплатно Озмуни ВАТАНПАРВАР дар ноҳияи Вахш или скачать в максимальном доступном качестве, видео которое было загружено на ютуб. Для загрузки выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием видео, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса ClipSaver.ru
#Озмуни_Ватанпарвар_дар_ноҳияи_Вахш 17.02.26 Озмуни Ватанпарвар дар н. Вахш Наттоқ: Ҳамасола бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ баргузор мегардад. Барои ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ масъулин кушиш мекунанд аз даврони мактабхонӣ корҳои тарғиботиро миёни онҳо бештар ба роҳ монанд. Чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бо ташаббуси МИМҲД-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш роҳандозӣ гардид. Дар оғоз ҳайати доварон аз шарти аввали озмун ки расмкашӣ мебошад, дидан карда баҳогузорӣ намуданд. Озмуни мазкур бо иштироки ғолибони даври минтақавӣ аз муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраку деҳот дар майдони Парчами давлатӣ сурат гирифт. Аснои баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки ташкилу гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ махсусан озмуни “Ватанпарвар” шавқу рағбати ҷавононро барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ бедор месозад. СИНХ: Неъматзода Азизулло, раиси КИ ҲХДТ дар н. Вахш Дар идома аз руйи шартҳои дигари озмун хонандагон назди аъзоёни ҳакамон маҳорати ҳарбӣ-варзишии худро нишон доданд. Баҳо додан ба сару либос, қадамзанӣ, машқи сафороӣ ва қироати сурудхонии даставӣ ҷузъе аз шартҳои озмун ба ҳисоб мерафт. Ҳар як аъзои даста бо нишон додани маҳорати волояшон кӯшиш менамуданд, ки дар озмуни ҳарбӣ-варзишӣ сазовори ҷойи намоён гарданд. ЛАЙФ Дар қисмати интиҳои озмуни ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” дастаҳои ғолиб аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо медал ва Ҷому туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин як гурӯҳ устодони соҳа ва ташкилкунандагони чорабинӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои дастандакорон сарфароз гардонида шуданд.